Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  

 Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ зери роҳбарии раиси Шӯро-прокурори шаҳри Роғун мушовири адлияи дараҷаи-I Қосимзода Ҳайриддин санаи 2 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар кори Шӯро роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақавӣ, котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигарон ширкат доштанд. Сараввал нисбати сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва муқоисаи он бо солҳои қаблӣ аз ҷониби муовини сардори ШВКД дар шаҳри Роғун подполковники милитсия Ҳайдарзода Л. ҳисоботҳои шунида шуданд. Номбурда сатҳи ҷинояткорӣ ва кушодашавии онҳоро нисбат ба солҳои пешин рӯ ба зиёдашавӣ арзёбӣ кард. Раиси Шӯро Қосимзода Хайриддин нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар самти пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки фаъолияти нозирони минтақавӣ барои кушода намудани ҷиноятҳо ғайри қобили қабул буда, масъулинро зарур аст, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва ошкорсозиро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Худойдодов Абдулмумин Мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеа