МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

    МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-1ҷой, маоши мансабӣ, 2758 сомонӣ:

-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ: 

-мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси шаҳр      1-ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:

-мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи МИҲД-и шаҳр 1-ҷой, 942,60 маоши мансабӣ, сомонӣ:

-мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои  МИҲД-и шаҳр 1-ҷой, маоши мансабӣ  942,60 сомонӣ:

-мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр    1-ҷой, маоши мансабӣ  942,60 сомонӣ:

-мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Роғун 1-ҷой, маоши мансабӣ  942,60 сомонӣ:

-мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр -1ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:                     

 

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:

-сармутахассис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ:

-сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ:

-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:  

-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ -1 ҷой,маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:

-мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ 776,40 сомонӣ

-мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ 776,40 сомонӣ     

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр) -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати  андозаи 4 х 6) – тарҷумаи  ҳол – нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар  бораи  таҳсилот – нусхаи  дафтарчаи  меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ   надорад) – нусхаи шиноснома -нусхаи син -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ  шакли  038 УЕ – рақами мушаххасси андозсупоранда -маълумотномаи ҷои истиқомат ва ҳайати оила. -маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз Нозироти андоз) -маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ  

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:

Барои ишғолкунандагони мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Роғун:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабиҳои катигорияи  дуюм  ё 6 сол собиқаи умумии меҳнат хизмати давлатӣ ё 7 сол умумии меҳнат;    

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;  

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорат ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳамгоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

 

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнат;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -малакаи кор бо компютер.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: -таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -малакаи кор бо компютер.

Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо). Телефон: 8 (3134) 2-12-68. Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад. Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru  метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоянд. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.