Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа»

           Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, донишҷуён, шаҳрвандон ва соҳибкорон озмунҳои гуногуни илмию фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир бахшида ба пешвози  ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун баргузории чунин озмунҳо ба маротиб афзудааст.

        Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» яке аз озмунҳое мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги  маданияти андоз ва андозсупорӣ,  ташвиқу тарғиби  муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Санаи 20 майи соли 2021 дар шаҳри Роғун ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо сатҳи баланди ташкилӣ дар муассисаи таҳилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки 21 нафар баргузор гардид. Озмун аз рӯи ду номинатсия гузаронида шуда, дар ҳайати Комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Нозироти андоз, Раёсати молия, шуъбаи маориф, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, фарҳанг ва кор бо ҷавонон ва варзиш шомил буданд.

         Иштирокчиёни озмунро асосан намояндагони муассисаҳои таълимӣ, хонандагон, донишҷуён, шаҳрвандон ва  соҳибкорон ташкил медод.  Баргузории озмун аз рӯи 2 номинатсия пешбинӣ гардида, 6 нафар ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд. Аз рӯи номинатсияи якум– «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» Аҳмадов Фариддун истиқоматкунандаи шахри Роғун ҷойи 1-ум, Ҷамилов Ҳоҷиакбар омӯзгори МТМУ №2 ҷойи 2-юм ва Сафаралиев Муҳаммадсобир сазовори ҷойи 3-юм гаридданд. Аз рӯи номинатсия дуюм-«Андоз аз нигоҳи наврасон», ки дар он расмҳои тасвирнамудаи хонандагон пешниход гардид, ҷойи 1-ум ба хонандаи синфи 11 МТМУ №2 Нарзуллозода Билолиддин, ҷойи 2-юм хонандаи синфи 8-и МТМУ №1 Робиямоҳи Иззатшоҳ ва ҷойи 3-юм насиби хонандаи синфи 9 МТМУ №1 Назирзода Эронпочо гардид. 6-нафар ғолибон бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд. Илова бар ин, барои ҳавасмандгардонӣ ба 15 нафар иштирокчиёни озмун аз ҷониби нозироти андоз дар шаҳри Роғун сипоснома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.  

            Шоира Раҷабалиева-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа