Баррасии ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2021 дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

      Субҳи 12 апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Роғун иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз рӯи панҷ масъала:

     -дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021;

     -дар бораи рафти  иҷрои  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021;

     -дар бораи иҷрои Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, оид ба сазовор таҷлил ва ҷашн гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021;.

     -дар бораи тасдиқ намудани барномаи рушди  иқтисодию иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2021-2025;

     -дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия баргузор гардид.

         

         Сараввал оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021 муовини якуми Раиси шаҳр Файззода Раҳматулло Нусратулло ҳисобот дод. Мавсуф нисбати пешравиҳои ноилгардида дар семоҳаи якум ва корҳои анҷомдодашуда ёдовар гардида, қайд кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 аз ҳисоби маблаuҳои нақшавии буxаи давлатӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маблаuи умумии 1840,0 ҳазор сомониро (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Маблағи мазкур 1 840,0 ҳазор сомонӣ барои  идомаи «Сохтмони маxмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ» дар маркази шаҳри Роғун пешбинӣ шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорон дар ҳамин давра сохтмони мағоза, шустушӯи мошинҳо, сартарошхона, дукони гӯшт дар деҳаи Ҷавонӣ ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони нуқтаи шустушӯ, таъмир ва фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ дар кӯчаи Норакиён ба маблағи 350,0 ҳазор сомонӣ ва сохтмони тарабхона, меҳмонхона, маркази савдо ва сехи маҳсулоти қаннодӣ дар кӯчаи Норакиён ба маблағи 516,4 ҳазор сомонӣ  дар умум ба маблағи 1 666,4 ҳазор сомонӣ иншоотҳо сохта ба истифода дода шуданд.

         Дар бораи рафти  иҷрои  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2021 сардори Раёсати молияи шаҳр Эшонов И. ва сардори нозироти андоз дар шаҳри Роғун Малиқозода Амирхон маълумот доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки қисми даромади буҷети шаҳр, дар семоҳаи аввали соли 2021 дар маxмӯъ бо назардошти андози иxтимоӣ мутобиқи нақша 55,1 млн. сомониро ташкил медод, ба маблағи 75,1 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷроиши ин нишондод 136 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 19,9 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст. Аз ҷумла ба буҷети маҳаллӣ ба ҷойи нақшаи аниқшуда 9,2 млн.сомонӣ 14,6 млн.сомонӣ ворид шудааст, ки ба 158 фоизи нақшаи аниқшуда баробар мебошад. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, мутобиқи нақша 26,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ба маблағи 27,2 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда, иҷрои он 103 фоизро дар бар мегирад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 904,2 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷойи 10,5 млн. сомонии нақшавӣ дар ҳаҷми 9,2 млн. сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 87 фоизро ташкил медиҳад.       Зимни баромади худ иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Файззода Фирӯза Убайдулло дар бораи иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳисоботи муфассал баён дошт. Номбурда ёдовар гардид, ки иҷрои бандҳои нақша чорабинии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун аз соли 2018  то охири моҳи марти соли 2021, 95  банд  ба маблағи 70 537,4 ҳазор сомонӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ амалӣ гардидааст, ки аз он 10 893,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳалӣ, 18 859,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 31 995,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша,   8 789, 8  ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояҳои хориҷиро дар бар мегирад. Аз шумораи 95 банд дар семоҳаи якуми соли 2021, 5 банди Нақшаи мазкур иҷро гардидааст. Яъне дар семоҳаи якум 5 иншооти сохтмонӣ ба маблағи умумии 5 504,6 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

     Дар бораи тасдиқ намудани барномаи рушди  иқтисодию иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2021-2025 баромади мудири бахши рушди иқтисод ва савдо Бобобекзода Басорат Қурбонбек шунида шуд. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал, самаранок истифода бурдани иқтидору захираҳои мавҷудбуда, муҷаҳхаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияи муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ  таҳияи Барнома ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Барои таҳияи Барномаи навбатии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун қарори Раиси шаҳри Роғун аз 9 июли соли 2020 №248 “Дар бораи таъсис додани гӯруҳи корӣ ҷиҳати тарҳрези намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расидааст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълумотҳои зарурӣ ҷамъоварӣ гардида, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 омода гардидааст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ Барнома 75 лоиҳаро дар бар гирифта маблағи умумии он зиёда аз 60,0 млн сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо асосан ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, соҳибкории хурду миёна, нақлиёт ва роҳ, барқтаъминкунӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва холатҳои фавқуллода равона гардидааст.              

       Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон ва муовини роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Давлатзода Раҳмоншо дар баромадҳои худ нисбати зиёд намудани корҳои созандагӣ ва ободонию бунёдкорӣ аз ҷумла, зиёд намудани бунёди боғҳо, баланд бардоштани ҳоисилнокии заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ ва кам кардани талафоти барқ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ташкили курсҳои сайёри бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои муҳосибон ва сармуҳосибони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ бахшида ба пешвози санаҳои муҳими таърихӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор намудани чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, кӯча, деҳа, маҳалла ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкили ҳашарҳои оммавӣ бахшида ба пешвози сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.    

         Худойдодов А. Н. -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа