Корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бо маром идома доранд

         Бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ дар қаламрави шаҳр бо маром идома доранд. Зимни боздиди раиси шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор санаи 7 апрели соли равон ба масъулин ва соҳибкорон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр дастурҳо дода шуданд. Қобили зикр аст, ки аз 145 банди нақшаи пешбинишуда то имрӯз 95 банд ба пуррагӣ иҷро гардида, 36 банди дагар дар марҳалаи иҷро қарор дорад. Боқимондаи бандҳои нақшаи чорабиниҳоро корҳои таблиғотю ташвиқотӣ ва тахту ҳамвор намудани роҳҳои дохилии кӯчаву деҳаҳо дар бар мегиранд.  Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ва ҳамроҳонаш ба масъулини шуъбаҳои меъморию шаҳрсозӣ, сохтмони асосӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пурзӯр намудани назорат дар ин самт супоришхои мушахххас доданд.   

             Худойдодов А. Н.-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа