Бунёкорию созандагӣ мароми мост.

            Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2021 санаи 16 марти соли ҷорӣ 3 иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин иншоотҳо иборат аз марказҳои хизматрасонӣ барои шустушӯ ва таъмири нақлиёт, ошхонаи миллӣ, нуқтаҳои савдои хӯрока ва молу ашёи рӯзғор дар маркази шаҳр ва деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Қади Об будаанд. Иншоотҳои мазкур дар ҳузури ҳайати гуруҳӣ корӣ бо роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кушода шуданд. Қобили қайд аст, ки чунин корҳои бунёдкорию созандагӣ то арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома меёбанд.  

               Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита 

                бо ҷомеа Худойдодов А. Н.   16.03.2021