ТАТБИҚИ АМАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР- ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР 

          

ХУРРАМЗОДА Муминшо Хуррам, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               

КЕНҶАЕВ Мухбир Ҷӯрабоевич, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ             

         Дар марҳилаи рушди босуботи кишвар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иншооти энергетикии кишвар манбаи бузурги маблағгузорӣ буда, оянда барои рушди устувори кишвар ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ аҳаммияти аввалиндараҷаро касб менамояд. Ҳадаф аз баррасии мавзӯи мазкур нақш, моҳият ва татбиқи амалии сармоягузорӣ дар иншооти бузурги аср-Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. Вале барои ба таври фарох арзёбӣ намудани мафҳум, моҳият ва самтҳои асосии муайянсозии сармоягузорӣ бояд ба ҷанбаҳои мухталифи маблағгузорӣ низ аҳаммияти махсус дода шавад.  

          Аз ин рӯ, бо мақсади дар доираи низоми муайян равона намудани маблағҳои самти сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” қабул карда шудааст.Қонуни мазкур  муносибатҳои  вобаста  ба  сармоягузорҳо,   асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодии фаъолгардонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии  одилона,  баробар  ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд [1,1]. Қисмҳои муайянкунандаи мафҳум ва моҳияти сармоягузорӣ дар раванди амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ амалӣ гардонида мешавад, ки асоси онро рафти  корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташкил медиҳанд. Неругоҳи барқи обии “Роғун” айни замон яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад.Бе бунёди неругоҳи мазкур рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст.       

    Маҳз ба ҳамин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:-«Роғун-ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст!».        

        Тадқиқоти гуногуни илмию амалӣ, аз қабили геофизикӣ, гидрологӣ, гидротехникӣ, зилзилавӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, гидрогеологӣ ва геологӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳанӯз солҳои 30-юми асри ХХ оғоз ёфта, таърихи зиёда аз 90-сола доранд.         

          Ба кор дароварда шудани Неругоҳи барқи обии “Роғун” имкон медиҳад, ки боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа обёрӣ карда шаванд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа аст [2, 104].         

         Иқтидори лоиҳавии неругоҳи Роғун бо 6 чарха 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш 335 метр аз сатҳи баҳр баланд бардошта мешавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 км3 ва оби судбахшаш 10,3 км3-ро ташкил хоҳад дод.Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15-17 сол ҷамъоварӣ шавад.          

           Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан Неругоҳи барқи обии “Роғун” метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд. Даромади софи неругоҳ дар муддати кӯтоҳ хароҷоти пурраи сохтмонашро мепӯшонад.Зеро тибқи ҳисоби мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ арзиши аслии неруи барқи дар он тавлидшаванда арзонтарин дар қитъаи олам хоҳад буд.          

            Барои бунёд, таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои нав дар кишварамон маблағҳои зиёди буҷети давлатӣ, кӯмаки беруна ва сармояи хусусӣ равона карда шудаанд.  

      Масъалаи маблағгузорӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз заминаҳои асосии тезонидани ҷараёни кор, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, хариди техника, таҷҳизоти зарурӣ ва дар маҷмуъ самаранокии фаъолият ба ҳисоб меравад.Агар дар соли 2008 барои тезонидани суръати сохтмон, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 116 миллион сомонӣ ҷудо гардидида бошад ҳам, вале раванди корҳои сохтмонӣ дар доираи маблағи ҷудошуда бори дигар исбот месозад, ки иқтидори корӣ аз тарафи ҳайати сохтмончиёну муҳандисони неругоҳ ба 3 баробари маблағи муайяншуда зиёд мерасад. Ба ҳамин хотир аз рӯи нишондиҳандаҳои дурнамои ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки он асоси воқеии ҳаҷми маблағгузориро муайян менамояд, ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёмашон ба парлумони кишвар соли 2008 таъкид намуда буданд, ки  соли 2009 маблағгузорӣ дар ин самт 3 баробар зиёд карда, ба 350 миллион сомонӣ расонида хоҳад шуд. Муайян карда мешавад, ки дар давоми як сол ҳаҷми маблағгузорӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳаҷми 234 миллион сомонӣ зиёд карда шуд, ки ин нишондиҳанда бозгӯи зиёд гардидани ҳаҷми кор, ба кор таъмин намудани шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сохтмончиёну бинокорон, харидорӣ намудани техника ва технологияи муосир, аз худ кардани таҷрибаи пешқадам ва амсоли инҳо  мебошад. Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Роғун 30 майи соли 2008 таъкид доштанд, ки  «соли гузашта дар иншоот 10 миллион сомонӣ ва аз аввали соли равон то имрӯз 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ босуръат идома доранд”.

         Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва ба истифода додани навбати аввали он боз 590 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

         Раванди маблағгузорӣ бори дигар собит месозад, ки ба нақшагирии стратегияи Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҷудо намудани маблағ аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ ташкил медиҳад. Далелҳои муқоисавиро доир ба ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷети давлатӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ агар мисол орем, пас маълум мегардад, ки назар ба соли 2008 дар соли 2009 ҳаҷми маблағузорӣ  ба андозаи 234 миллион сомонӣ зиёд карда шуд ва тавре дар боло қайд гардид, боз 590 миллион доллари амрикоӣ зарур аст, ки ин маблағи муайян бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба хотири ба нақшагирии ҳаҷми кори иловагӣ аз рӯи иҷрои корҳои сохтмонӣ бо мақсади мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ аст.

          Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” 28 октябри соли 2009 қайд карданд, ки «аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо намудани 533 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ 423 миллион сомонӣ, яъне 80 фоизи он то имрӯз пурра пардохта шудааст».

           Вобаста ба суръати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ мувофиқи дурнамои соли 2008 маблағгузорӣ дар фосилаи як соли пешомада ба 350 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд. Вале муқоисаи рақамҳои таҳлилӣ нишон медиҳанд, ки дар соли 2009 ба ҷойи нақшаи 350 миллион сомонӣ 533 миллион сомонӣ танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо шудаст, ки дар муқоиса ба маблағи муайяни соли 2009 183 миллион сомонӣ зиёд маблағгузорӣ шудааст.

          Бо дарназардошти ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд равона намудани маблағҳо ба сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, шаҳодат аз он медиҳад, ки кор дар неругоҳ бо суръати баланд ҷараён гирифта, ташкилотҳои сохтмонии дар неругоҳ фаъолияткунанда аз як тараф барои аз худ кардани маблағҳои ба нақша гирифта кор карда бошанд, аз тарафи дигар ҷиҳати ҳиссагузорӣ намудан дар сиёсати андозии кишвар нақши муассири худро мегузоранд.

Ҳамин буд, ки  дар тӯли як сол шумораи коргарон дар сохтмони ин иншоот ба 6 ҳазор нафар, теъдоди мошину механизмҳо ба 553 адад расонида шуда, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз шаш маротиба афзоиш ёфт [6,3].

          Бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои муҳимми маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки ҳамасола дар он суръати афзоиш ба назар мерасад, ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар соли 2010 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани маблағи зиёда аз 650 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ин нишондод назар ба соли 2009 22 фоиз зиёд буд. Барои зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ ба корҳои сохтмонӣ теъдоди 6 ҳазор нафар кормандони соли 2009, ки дар неругоҳ кор мекарданд, зиёдшавӣ дар назар дониста шуд. Барои ноил шудан ба марҳалаи асосии корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар неругоҳ мақсад гузошта шуд, ки  шумораи коргарону мутахассисон ба 13 ҳазор нафар расонида шавад.

         Бо вуҷуди он ки барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола маблағҳои муайян ба нақша гирифта мешавад, вале Ҳукумати мамлакат ба ин нигоҳ накарда, соҳаи энергетикаро ҳамчун соҳаи муҳимми сиёсати иқтисодии кишвар арзёбӣ карда, тавассути ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳо дар ин самт равона карда мешуд.

        Соли 2009 дар ин самт 12 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи қариб 3 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошт ва то моҳи октябри соли 2009 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ аллакай азхуд карда шуда буд.         

         Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат бо мақсади пайваст намудани шабакаи энергетикии ҷануб бо шимоли мамлакат, беҳтар намудани сифати таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ, сохтмони неругоҳҳои хурду миёна барои таъмини боэътимоди маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои дурдаст ва азхуд кардани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои дохилӣ, инчунин насби ҳисобкунакҳои замонавӣ бо мақсади кам кардани талафоти неруи барқ  низ имрӯзҳо дар ин самт бо мароми ба худ хос идома доранд.        

         Бар замми ин, татбиқи лоиҳаи рушди минбаъдаи бозори минтақавии қувваи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Лоиҳаи КАСА-1000) самти муҳимми рушди ҳамкориҳои мо дар соҳаи энергетика мебошад.        

    Амалӣ гардидани ин ҳадаф имконият медиҳад, ки Тоҷикистон бо дарназардошти ба итмом расонидани сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ (Сангтӯда-1,Сангтӯда-2, навбати аввали НБО “Роғун”) ва таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда (Норак, Қайроққум, Сарбанд, Бойғозӣ) имконияти содироти қувваи барқро ба дигар мамлакатҳо пайдо намояд [5, 2].

       Бо мақсади рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Роғун” зиёда аз 12 миллиард сомонӣ дар давоми соли 2017 хароҷот ва аз ҳисоби  буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд.Вобаста ба  дарёфти дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳои иловагӣ меандешид.   

      Инчунин, бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи энергетика, таҳкими низоми энергетикӣ, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъминоти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт бо барқ, дастрасии доимии муштариён ба неруи барқ ва кам намудани талафоти техникии он,  дар соли 2018 дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар ин давра боз татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дошт.

         Дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввал дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.        

       Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун- Душанбе” ба маблағи 745 миллион сомонӣ ва зеристгоҳи барқии неругоҳ бо харҷи 630 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд.        

      Бо мақсади рушди соҳаи энергетика дар соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба ҳолати ба истифода додани навбати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 7,6 миллиард сомонӣ азхуд гардидааст.          Илова бар ин,  бо шарикони рушд як қатор созишномаҳо ба имзо расонида шуданд, ки ҳадафи онҳо таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, яъне “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” мебошад.         

         Яъне, мо дар баробари бунёди иншооти нави энергетикӣ таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои амалкунандаро низ босуръат пеш бурда истодаем.         

      Маблағи ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои “Азнавсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим”-200 миллион, марҳалаи аввали барқарорсозии Неругоҳи барқи обии ”Норак”-350 миллион ва Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” беш аз 136 миллион доллари амрикоӣ, дар маҷмӯъ 7 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медод.          

       Сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин ислоҳоти соҳаи энергетика дар солҳои охир имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ ва фаъолияти инфрасохтори энергетикӣ ба таври назаррас беҳтар гардида, содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими гармо афзоиш дода шавад.         

       Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо тадбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.         

       Дар ин давра бо бунёд гардидани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.          

        Ҳамзамон, тавассути сохтмони хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Роғун-Душанбе», «Лолазор-Хатлон», «Геран-Румӣ»  «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Айнӣ-Рӯдакӣ», «Қайроққум-Ашт», «Қайроққум-Суғд» ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500-киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220- киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин карда шуд.         

      Дар соли 2020 ба соҳаи энергетика ғайр аз лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” татбиқи боз 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 13 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад [4,2].        

      Марҳалаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак”, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони шабакаҳои барқӣ дар дараи Ромит, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Сарбанд”, “Қайроққум”, лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи баландшиддати CASA-1000, “Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон, азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ” аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.       

       Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик ба истифода супоридани дигар иншооти нави истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ба монанди бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун-Сангтӯда”, инчунин, ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ ва назорати неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара пешбинӣ гардидааст.Корҳои вобаста ба асосноккунии техникиву иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” ва ҷалби маблағ барои бунёди он, омӯзиш ва омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурии неругоҳҳои барқи обии “Санобод”, “Нуробод -1” ва “Нуробод -2” идома дошта, илова бар ин, вақтҳои наздик натиҷаҳои озмуни байналмилалӣ барои асосноккунии техникиву иқтисодии барқарорсозии пурраи Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ” бо ҷалби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ эълон мегарданд.             

       Хулоса, сармоягузории босуръат ва ҳамзамон саривақт анҷом додани додани сохтмони бузурги аср-НБО “Роғун” дар ояндаи наздик на танҳо  ҷумҳуриро бо қувваи барқи арзон ба таври пурра таъмин менамояд, балки дар минбаъда низ ҷиҳати содироти он ба кишварҳои хориҷа бо нархи бозорӣ мусоидат хоҳад кард ва инчунин он ба пешрафти саноати мамлакат шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.           

         Илова бар ин ба густариши муносибатҳои энергетикии байнидавлатӣ ва гардиши савдои байналмилалӣ ва ҳоказои дигар мусоидат менамояд. Чунки он ниҳоди бузурги амнияти энергетикии кишвар маҳсуб ёфта, барои рушди имрӯза ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти басо байналмилалӣ дорад. НБО “Роғун” имрӯз ҳамчун арсаи нангу номус, майдони далерон ва бунёдкорони кохи нури кишвар буда, ояндаи дурахшону шукуфони Тоҷикистони офтобӣ ва таъмингари рушди босуботи  иқтисодиёти меҳанамон буда, ҳамзамон бо иқтидори пурра ба кор даромадани он орзуи деринаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.                        Мо низ муҳаққиқони ҷавони ин иншооти бузургу стратегии аср дар фатҳи чунин қуллаи уммеду орзуҳо ба фидокорону сарсупурдагони ин ҷабҳаи нур дасту бозуи қавӣ ва матонати рустамонаро таманно менамоем. Агар ба ибораи пешниҳодкардаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани чархаи дуюми НБО “Роғун” аз минбари баланд дар радифи дигар даъватҳои самимиву инсонӣ ва эҳсосоти хоси тоҷиконаашон ба мардуми сарбаланди тоҷик ифода намуда буданд, иброз намоем: “Тоҷикистон-ба пеш!”. Яъне ба сӯйи  қуллаҳои баланди созандагиву бунёдкориҳои нав ба нав, ба пеш ва боз ҳам ба пеш!!!   АДАБИЁТ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” 15 марти

соли 2016, № 1299, С.1.

  1. Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун. Душанбе: 2016. – 432 саҳ.
  2. «Садои мардум»- НБО  «Роғун» барои садсолаҳо бунёд мешавад,

          17 октябри соли 2020. №129 (4235)

  1. www president. Tj Суханронӣ дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” соли 2009.
  2. Бойгонии Киностудияи “Тоҷикфилм”.Соли 1982. “Рогунское новоселье”.
  3. Pressa. tj ctynz,hb cjkb 2019.
  4. http //rogunges. tj Cомонаи НБО “Роғун”.
  5. Роғун: тадқиқотҳои мардумшиносӣ. Душанбе,- 2015. C. 7.
  6. 9. Бойгонии ҷории Мудирияти НБО “Роғун” 16 –уми сентябри соли 2018.

    ТАТБИҚИ АМАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР- ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР              Муаллифони мақола қайд кардаанд, ки дар марҳалаи рушди босуботи кишвар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иншооти энергетикии кишвар манбаи бузурги маблағгузорӣ буда, оянда барои рушди устувори кишвар ва боз ҳам  беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ аҳаммияти аввалиндараҷаро касб менамояд.              Ҳадаф аз баррасии мавзӯи мазкур нақш, моҳият ва татбиқи амалии сармоягузорӣ дар иншооти бузурги аср-Неругоҳи барқи обии “Роғун” буда, вале барои ба таври фарох арзёбӣ намудани мафҳум, моҳият ва самтҳои асосии муайянсозии сармоягузорӣ бояд пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои мухталифи маблағгузорӣ низ аҳаммияти махсус дода шавад.             Масъалаи маблағгузорӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” феълан яке аз заминаҳои асосии тезонидани суръати кор, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, хариди техника, таҷҳизоти зарурӣ ва дар маҷмуъ самаранокии фаъолият ба ҳисоб меравад. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан Неругоҳи барқи обии “Роғун” метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд. Даромади софи неругоҳ дар муддати кӯтоҳ хароҷоти пурраи сохтмонашро мепӯшонад.Зеро тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ арзиши аслии неруи барқи дар он тавлидшаванда арзонтарин дар қитъаи олам хоҳад буд.           Барои бунёд, таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои нав дар кишварамон маблағҳои зиёди буҷети давлатӣ, кӯмаки беруна ва сармояи хусусӣ равона карда шудаанд.             Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳоло яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бе бунёди неругоҳи мазкур рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан амрест маҳол, хулосаи ниҳоии худро бо далелу санадҳои муътамад ифода кардаанд муаллифони маводи мазкур.         Калидвожаҳо: НБО “Роғун”,сармоягузорӣ, иншоот, маблағгузорӣ,  сохтмончиён, миллион, миллиард, хароҷот, иқтидор,иқтисод, даромад, лоиҳа,сомонӣ, интиқол, энергетика, сармоя, неругоҳ,содирот, таъминот.                                                                  

ПРАКТИЧЕСКОЕ ОСУЩЕСТВЛЕНИЕ ИНВЕСТИЦИЙ В КРУПНЫЕ ОБЪЕКТЫ ВЕКА-ВАЖНЫЙ ФАКТОР ЭКОНОМИЧЕСКОГО И СОЦИАЛЬНОГО РАЗВИТИЯ СТРАНЫ               Авторы статьи отметили, что на этапе устойчивого развития страны привлечение иностранных инвестиций в энергетические объекты страны является отличным источником финансирования и имеет первостепенное значение для устойчивого развития страны и дальнейшего улучшения инвестиционного климата.             Цель данной статьи-обсудить роль, характер и практическую реализацию инвестиций в крупный объект века – Рогунскую ГЭС, но для того чтобы в целом оценить концепцию, сущность и основные направления инвестиций, необходимо обратить внимание на различные аспекты финансирования.             Вопрос финансирования Рогунской ГЭС на данный момент является одной из основных предпосылок для ускорения работы, своевременной выплаты заработной платы, приобретения необходимого оборудования и в целом эффективности. Когда Рогун будет полностью введен в эксплуатацию, он сможет вырабатывать 13,1 миллиарда киловатт электроэнергии ежегодно. Чистая прибыль станции в короткие сроки окупит полную стоимость ее строительства, по предварительным оценкам ведущих мировых экспертов, стоимость вырабатываемой ею электроэнергии будет самой дешевой на континенте.             Значительные средства из государственного бюджета, иностранной помощи и частного капитала были направлены на строительство, реконструкцию и восстановление новых мощностей в нашей стране.             Рогунская ГЭС сегодня является одним из крупнейших гидроэнергетических объектов Республики Таджикистан. Без строительства этой электростанции невозможно представить стремительное развитие и благополучное будущее государства Таджикистан, свои окончательные выводы авторы материала выразили убедительными фактами и документами.             Ключевые слова: Рогунская ГЭС, инвестиции, строительство, финансирование, строители, миллион, миллиард, расходы, мощность, экономика, доход, проект, сомони, транспорт, энергия, капитал, мощность, экспорт, поставка.                                                               

PRACTICAL IMPLEMENTATION OF INVESTMENTS IN THE OBJECTS OF THE GREAT CENTURY IMPORTANT FACTOR OF ECONOMIC AND SOCIAL DEVELOPMENT OF THE COUNTRY               The authors of the article noted that at the stage of sustainable development of the country, attracting foreign investment in the country’s energy facilities is an excellent source of financing and is of paramount importance for the sustainable development of the country and further improvement of the investment climate. The purpose of this topic is to discuss the role, nature and practical implementation of investments in the large facility of the century – the Rogun HPP, but in order to generally assess the concept, essence and main directions of investments, it is necessary to pay attention to various aspects of financing. to be given to specials.              The issue of financing Rogun HPP is currently one of the main prerequisites for speeding up work, timely payment of wages, purchasing the necessary equipment and, in general, efficiency. When Rogun is fully operational, it will be able to generate 13.1 billion kilowatts of electricity annually. The plant’s net profit will cover the full cost of its construction in a short time, according to preliminary estimates by leading world experts, the cost of the electricity generated by it will be the cheapest on the continent. Significant funds from the state budget, foreign aid and private capital were directed to the construction, reconstruction and restoration of new facilities in our country.              Rogun HPP today is one of the largest hydropower facilities in the Republic of Tajikistan. Without the construction of this power plant, it is impossible to imagine the rapid development and prosperous future of the state of Tajikistan, the authors of the material expressed their final conclusions with convincing facts and documents.             

Key words: Rogun HPP, investments, construction, financing,  builders, million, billion, expenses, power, economy, income, project, somoni, transport, energy, capital, capacity, export, supply.                                                                         

Сведения об авторах: Хуррамзода Муминшо Хуррам–соискатель кафедры политики  и общественных отношений Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан. Телефон: (+992) . 111104143. mail: amvol2017@mail.ru             

Кенджаев Мухбир Джурабоевич-главный специалист отдела издательства и печати Национальной академии наук Таджикистана, соискатель отдела  новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. Ахмада Дониша НИИАТ.Телефон: (+ 992) 934402886. E-mail: mukhbirjon. kendzhaev@mail.ru               

Information about the authors: Khurramzoda Muminsho Khurram – candidate of political sciences and public relations of the Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan Phone: (+992) 111104143. E-mail: amvol2017@mail.ru            

Kendzhaev Mukhbir Juraboevich – Chief Specialist of the Publishing Department of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Candidate of the Department of Modern and Contemporary History of the Institute of History, Archeology and Ethnography. Ahmadi Donishi NIIAT. Phone: (+ 992) 934402886. E-mail: mukhbirjon. kendzhaev@mail.ru