Нишасти матбуотӣ

         Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 субҳи 11 феврали соли 2020 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 

           Дар ин нишаст Раиси шаҳр, муовинон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, шуъбаю бахшҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои марбута, инчунин  намояндагон аз нашрияҳои ҷумҳуриявии  «Садои мардум», «Ҷумҳурият», Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ва маркази матбуоти бахши фарҳанги шаҳр ширкат доштанд.  Нишасти матбуотиро Раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар кушода, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун дар соли 2019 ҳисоботи муфассал дод.         

          Сипас, миёни хабарнигорон ва иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омад. Бештари саволҳо ба масъалаҳои рӯзмарра, рафти иҷрои амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Ба саволҳои рузноманигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.