Ҷашни Соли нави мелодӣ

          Шоми 31 декабри соли 2019 ба истиқболи Соли нави мелодии 2020 дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфт. Зикр кард, ки соли нав аз ҷумлаи идҳоест, ки дар  саросари  ҷаҳон    ҷашн  гирифта  мешавад  ва  фарорасии  ин  рӯзро  хурду  бузург,  пиру  ҷавон  бесаброна  интизор  мешаванд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун фазои сулҳу, осудагӣ файзи соҳибистиқлолии кишвар буд, ки корҳои ободонӣ сохтмонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, симои шаҳри Роғун рӯз то рӯз дигаргун гардид. Ва ҳамчун соли пур аз файзу нишот дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад гашт. Яке аз воқеоти муҳими таърихии соли 2019 ин ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун буд, ки бо ташрифи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони беш аз 60 давлати дунё амалӣ гашт. Соли 2019 бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, батартибдарории маҳалли зист, равшаннамоии маркази шаҳр, гулпӯш намудани кӯчаву растаҳо, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ яке аз ҳадафҳое буданд, ки давоми соли сипаригардида сурат гирифтаанд. Раиси шаҳр аз дастовардҳои соли 2019 ёдовар гардида, қайд кард, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша якчанд иншоотҳои таъиноташон гуногун аз ҷумла, қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои 3 ошёнаи КИ ҲХДТ дар маркази шаҳр, ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ, меҳмонхона, корхонаи истеҳсоли оби нушокии “Оби куҳсор”, гушаи ҳунарҳои мардумӣ, майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Майдони Нав, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Деҳқонобод, асфалтпӯш намудани роҳи деҳаи Ёли Гармоба, таъмиру тармими роҳҳои дохилишаҳрӣ, равшан-намоии биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун,  бунёду барқарорсозии беш аз 57 га боғу токзорҳо дар талу теппаҳо,  шинонидани беш аз 81 ҳазор гулу  гулбутта ва 19 ҳазор ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда аз корҳое мебошанд, ки дар ҳамин давра ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2020 низ яке аз солҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ  ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбинӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки нисбати ин чорабиниҳо бахусус интихоботи дарпешистода зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди минбаъдаи ватани азизамон саҳмгузор бошем. Сипас, барои тамоми иштирокчиён ва халқи азизи Тоҷикистон Соли нави  мелодии 2020-ро  самимона  табрику муборакбод  гуфта,  барои халқи азизи Тоҷикистон сиҳатмандии комил,  хушҳолии рӯзгор ва барори  кору  баракати  зиндагиро орзӯ намуд.       Таҳияи Абдулмумин Худойдодов