Пешвози соли 2020 дар шаҳри Роғун

        Соли нави мелодӣ дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ҷашнгирии он ҳазорсолаҳо (бино ба гуфти бостоншиносон ҳадди ақал панҷ ҳазор сол)-ро дар бар мегирад. Дар кишвари зебоманзари мо низ ин ҷашнро ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.  Бо омад омади соли нави мелодӣ дар сартосари ҷумҳурӣ омодагиҳо барои пешвозгирӣ ин санаи таърихӣ низ ба назар мерасад. Шаҳри Роғун ҳам аз он шаҳрҳои муҳиму стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он меҳмонон аз тамоми гӯшаву канори дунё ташриф меоранд. Ба муносибати пешвозгирии ин санаи таърихӣ дар маркази шаҳр арчаи солинавӣ оро дода шуда,  дар гирду атрофи он кудакону наврасон шодию хурсандӣ менамоянд. Дар назди биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва корхонаҳои хусусию давлатӣ рамзи Соли нав-Арчаи соли навӣ бо шаклҳои гуногун оро дода шуда, ҳусни шаҳрро дучанд зебо менамоянд. Барои дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ бахусус ятимону бепарасторон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо маҳсулоти хурока аз қабили орд, равған, шакар тақдим карда шуд. Умед аст, ки ин иди таърихӣ бо як самимияти хосса пешвоз гирифта мешавад. Соли нав дар шаҳри нурофарон зебу зинати хоссаи худро дорад ва  мардум ҳамасола ин пайки сафедро  бо шодию нишот пешвоз мегиранд.