Пайки Соли Нав

       Яке аз қадимтарин идҳо таҷлили Соли нави мелодӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи ҷашнгирии он ҳазорсолаҳо (бино ба гуфти бостоншиносон ҳадди ақал панҷ ҳазор сол)-ро дар бар мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд. (тахминан охирҳои моҳи сентябр) Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, ҳамсар ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд. Ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз 1-уми январ бо фармони император Гай Юлий Сезар соли 46-уми то милод дар Рими Қадим ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус-худои дурӯя, таҷассумгари дару дарвоза, интихобҳо ва нахустин корҳо гирифта шудааст. Аз соли 1700 инҷониб бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия ба монанди дигар давлатҳои Аврупо 1-уми январ (мувофиқи солшумории Юлианӣ) таҷлил карда мешавад. Таҷлили соли нави мелодӣ бо ороиши арча солҳои 20-ми асри 20 аз ҷониби зимомдорони шуравӣ ҳамчун анъанаи куҳнаи  бойи- феодалӣ  маън гардида буд, вале  соли 1936 дубора  Бобои Барфӣ ва Барфак дар қаламрави шуравӣ  Соли Навро  ҳамроҳӣ намуданд. Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар Русия мувофиқи солшумории Григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23-юми декабри соли 1947 инҷониб санаи 1-уми январ рӯзи истироҳат эълон карда шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ идома дорад ва санаи 1-уми январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат мебошад. Дар Тоҷикистон бошад  Соли Навро бо  як  самимияти хосса таҷлил  менамоянд ва тамоми хурду бузурги  кишвар ин ҷашнро бо  як нияти нек пешвоз гирифта, файзу баракати соли омадро  таманно менамоянд.  Бойд гуфт, ки  соли 2020 бо солшумории мелодӣ соли муш мебошад. Чун муш хазинакунандаи ризқу рузӣ мебошад.  Умед карда мешавад, ки дар ни сол хонаи ҳар як шаҳрванди тоҷик пур аз  хазинаи гандум  ва тамоми ризқу рӯзи  фаровон бошад.  

Соли нав эй соли пурфайзу барор,

Соли неку соли бахту бурдбор.

Соли  рафта хотироти  нек монд,

Соли нав омад зи пайки шодмон.

Барфи нуронӣ биборад аз ҳаво,

Ризқ резад аз дари  ганҷи Худо.

Барф пушад куҳҳои ин Ватан,

Ризқ монад баҳри деҳқон дар Ватан.  

                                                                                                                                                                                                                  Таҳияи Комилзода Ҳ.