Авфшудагон: Аз иқдоми хайрхоҳонаи сарвари давлат розиянд

           Бо мақсади амалӣ намудани талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019, №1648 ва қарори Раиси шаҳри Роғун аз 3 декабри соли 2019, №337 «Дар бораи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотонӣ, бо ҷои кор таъмин намудан ва пурсон шудан аз вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни мазкур озод гардидаанд, гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

      Санаи 11 декабри соли 2019 аз тарафи гурӯҳи корӣ аз шумораи 17 нафари шахсони озодгардида бо 13 нафарашон (1-нафар зодаи шаҳри Ҳисор, деҳаи Дурбат, айни замон истиқоматкунандаи деҳаи Қалъаи Нав) барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидан ва табобат намудани онҳо, ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд ҳайати гуруҳи корӣ аз вазъи оилавии шахсони авфшуда низ огоҳӣ пайдо  намуданд. Зимни суҳбат авфшудагон аз иқдоми хайрхоҳонаи сарвари давлат изҳори хушҳолӣ намуданд.