Мулоқотҳои пешазинтихоботӣ

           Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби гуруҳҳои корӣ мулоқоту вохуриҳои судманд бо ҷавонону занон ва фаъолон баргузор мегарданд. Субҳи 5 декабр дар шаҳри Роғун бо иштироки гуруҳи корӣ Азизова Моҳистон Бердиевна узви Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наъимзода Мустақим корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ибодулло Азимов корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ намояндагон оид ба нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иштироки онҳо дар интихоботи дар пешистода ибрози андешаронӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот беш аз 350 нафар ҷавонону занон ва наврасон ширкат доштанд.