6-ноябр Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 солагии Рӯзи Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабинии идона бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас, Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар иштирокдоронро ба санаи фархунда муборакбод намуданд.  Ҷашни мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил карда шуд. Зимни суханронӣ Раиси шаҳр иброз дошт, ки  халқи тоҷик дар даврони нооромии кишвар рӯзҳои даҳшатборро аз сар гузаронид, ки миллат рӯ ба парокандагӣ  оварда буд. Хушбахтона бо роҳбарии Пешвои миллат ин парокандагиҳо бартараф ва фазои солим дар ҷомеа ҳукмфармо гардид.

          Ҳамчунин дар ин чорабинӣ Раиси суди шаҳр Саидзода Марзия аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, нисбати баландарзишии инсон ва ҳуқуқҳои ӯ ибрози андеша намуд. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба як қатор кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Пас аз анҷоми   қисми тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр хотири иштирокдорон бо сурудҳову намоишномаҳои ҷаззоб болида гардонида шуд.