Фестивал- намоиш “Иди Себ” дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе бо иштироки боғдорони шаҳри Роғун.

Рузи 21 -уми сентябри соли ҷорӣ дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе  фестивал- намоиш “Иди Себ”  дар доираи  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 №АП-1140  баргузор гаридид, ки дар ин фестивали ҷумуриявӣ  хоҷагиҳои деҳқонии вилояҳто ва  шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Аз шаҳри Роғун низ дар фестивали мазкур беш аз 10 боғпарварон ширкат варизида, маҳсулоти худро дар ҳаҷми 3,5 тонна ба намоиш гузоштанд. хотиррасон бояд кард, ки дар намоиши “Иди Себ” аз тарафи боғпарварони шаҳр навъҳои гуногуни себ аз қабили   симеренко, роял, голден, крепсон, пахтасеб ва ноки собирӣ пешкаши иштирокчиёни фестивали ҷумуриявӣ гардонида шуд. Ҳангоми баҳогузории комиссияи тадорукот ҷойи сеюм насиби боғпарварони шаҳри Роғун гардида, аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.