Тақдими мукофоти давлатӣ ба Раиси шаҳр

        Санаи 16 сентябри соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси шаҳри Роғун аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ин масъала дар ҷаласаи шаҳрдорӣ бо қироати фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ироа гардид. Дар зимн Раиси шаҳр ин иқдоми вазорати фарҳангро натиҷаи талошҳои ҳамаи кормандону масъулин оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ хонд.