Туҳфаи арзанда барои хонандагон

      Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм дар остонаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби синфхонаҳои иловагӣ гардидаанд. Ин деҳа бо шумораи 1030 нафар аҳолӣ, ки 215 нафар хонанда дошт, то имрӯз бо доштани 8 синфхона дар муассиса таҳсили илм менамуданд. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ғунҷоиши хонандагон дар муассисаи мазкур ғайри имкон гардида буд.  Соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва сармоягузории Сафорати давлати Япония 6 синфхонаи иловагӣ  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 сохта ба истифода дода шуд. Зимни суханронӣ Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар барои бо сифати баланд омода намудани синфхонаҳо ба намояндагии сафорати давлати Япония изҳори сипос ва ташаккур намуд. Мавсуф зикр кард, ки  синфхонаҳои иловагӣ бо маблағи беш аз 980 000 сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Танҳо аз хонандагон пеш аз ҳама омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ намудани дастовардҳои технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама дӯст доштану муқаддас ҳисобидани ҳар як ваҷаб хоки Ватан аст, ки ноил гардидан ба ин мақсадҳо  талаб карда мешавад. Гуфта шуд,  ки ба истифодадиҳии чунин як бинои замонавӣ дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ ин рамз ва нишонаи дӯстӣ байни ду давлати бо ҳам дӯст Тоҷикистон ва  Япония мебошад.