Хизмати давлатӣ дар раванди таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                    Хизмати давлатӣ дар раванди таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

          Дар раванди ҷаҳонишавии рушди муносибатҳои сиёсӣ ва низоми идоракунии давлатӣ соҳаи хизмати давлатии муосир  тавассути механизмҳои амалкунандаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла сиёсати давлатии кадрҳо ва идоракунии давлатӣ нақши муассир пайдо кард. Бахусус муҳақиқони соҳа ба он ақидаанд, ки яке аз хусусиятҳои хоси низоми хизмати давлатиии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фарогирии он буда, мақоми давлатро дар бар мегирад, ки ба феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Кормандон тибқи феҳристи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати хизмати давлатӣ дохил мешаванд.  [1] Аз рӯи мантиқ назар кунем, худи идоракунии давлатӣ низоми  хизмати давлатиро ба вуҷуд овард ва дар ин замина қисмати таркибии идоракунии давлатиро низ  хизмати давлатӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи давлат  тафсиркунандаи маънои мол-сарват, боигарӣ, дороӣ, мамлакат-ҳукумат, ҳукумронӣ, ғалаба-зафар, бахту саодат, иқбол, хушбахтӣ толеи нек[2] мебошад. Раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бори дигар собит намуд, ки падидаи хизмати давлатӣ дар кишвар рушд ёфта, асоси пешрафти он аз ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ,  ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо  сарчашма мегирад. Хизмати давлатии муосирро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шурӯъ аз соли 1991 мавриди таҳлил қарор диҳем, муайян мегардад, ки  дар ин марҳила қабули санади истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 заминаи асосии дурнаморо барои ташаккули низоми хизмати давлатии муосир ба вуҷуд овард. Дар ин давра ба ташаккули низоми хизмати давлатии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳои гурӯҳҳои муташаккил хатари ҷиддӣ ворид кард, ки  амали онҳо аз созмон додани гирдиҳамоиҳо,  зӯроварӣ  ва қонуншиканиҳо иборат буданд. Ҳарчанд, ки майдоннишиниҳо ва гирдиҳамоиҳои гурӯҳи мухолифин дар кишвар доман паҳн карда буда, бадин васила онҳо мехостанд ба таҳкими сохтори устувори давлат халал ворид созанд, вале идея ва мавқеи сиёсии ватандӯстонаю соҳибватанонаи роҳбари давлат барои маҳв сохтани аҳдофи ғаразноконаи онҳо ғолиб баромад. Барои муътадил гардонидани ҷанги шаҳрвандӣ ва нигоҳ доштани низоми идоракунии давлатӣ нақши асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас ва сабақи таърихӣ мисли оина маълум гардид. Ин муваффақиятро метавон аз фаъолгардонии меъёрҳои шӯравии фаъолияти хизмати давлатӣ маънидод кард. Дар ин замон ба мавқеи асосии хизматчиёни давлатӣ дар пойдории сулҳу суботи ҷомеа аҳамияти махсус дода мешуд, ки то чӣ андоза онҳо метавонанд дар таҳкими давлатдорӣ саҳмгузор бошанд ва аз ин имтиҳони сангин бо як нерӯмандии бузург баромада метавонанд ё не?.

      Ҳаминтавр дар таҳкими хизмати давлатӣ Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноябри соли 1992  то ноябри соли 1994  нақши муассир гузошта, муҳтавои асосии иҷлосияи тақдирсоз бақо ва таҳкими  давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муайян намудани самтҳои минбаъдаи раванди инкишофи ҷомеаро дар бар мегирифт.  Аз ҷумла бо мақсади нигоҳдошти  пояҳои давлатдорӣ, устувории институтҳои сиёсии давлат ва дар ин замина ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари низоми идоракунии давлатӣ қарору қонунҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  асоси ҳуқуқию ташкилиро ба вуҷуд овард. [3] Илова бар ин, ҷиҳати мукамал гардонидани сохтори давлатӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ қабули Конститутсияи  6 ноябри соли 1994  мавқеи устувор касб намуда, ин санади ҳуқуқӣ ба бунёди воқеии низоми нави идоракунӣ ибтидо гузошт. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ муқаррар карда шуд, ки ин ҳуқуқро қисми 2-и  моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба танзим медарорад.[4] Дар ин раванд марҳила ба марҳила, яъне баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа маҷрои ислоҳоти ҳуқуқиву идоравӣ ворид гардид. Аз тарафи дигар, баргузории чорабиниҳои сиёсии номбурда ҷиҳати такмили тартиботи ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии сохтори давлатӣ имкони дигаргунсозӣ ва пешбурди фаъолияти бомароми  дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро фароҳам сохт. Ин ташаббусҳо ба бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти системаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ роҳи васеъ кушд. Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурият ба амал омад, ки низоми самараноки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, механизми болоравии мансабӣ,  баланд бардоштани касбияти онҳо ва шаффофияти дастгоҳи давлат  таъмин карда шавад. Бодарназардошти васеъ гардидани роҳҳои ташаккули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар кишвар, проблема ва ё норасоиҳое вуҷуд дошт, ки тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор  муносибатҳои хизматчиёни давлатӣ дар низоми идоракунии давлат ба танзим дароварда шавад. Зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба он нигаронида шуда буд, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз набудани имконияти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, назорату мониторинги давлатию ҷамъиятӣ, системаи азнавтайёркунии кадрҳо ба миён омада, тавассути система бояд самаранокии идоракунии давлатӣ  бештар фаъол гардонида шавад. Бо ин мақсад,  13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул шуд, ки асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии ба низом даровардани хизмати давлатӣ ба ҳисоб меравад, танзим намуд.

        Дар ин давра қабул ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро метавон оғози бомуваффақонаи низоми муосири системаи давлатӣ ва муаррифгари хизмати давлатӣ арзёбӣ кард, зеро афзалияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар он аст, ки он дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ такмил дода шудааст. Сипас солҳои  2007,  2010, 2011 ва 2012 ба меъёрҳои дахлдори қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда,  аз  5 марти соли 2007  қонуни зикршуда дар таҳрири нав қабул карда шуд ва охирин маротиба соли 2017 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.[5] Ғайр аз ин, бо мақсади рушди соҳаи хизмати давлатӣ ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба вуҷуд омад, ки ин масъала аз моҳи сентябри соли 1999 шурӯъ гардид. Ислоҳоти мазкур,  бо роҳи раъйпурсӣ ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудани тағйироту иловаҳоро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ он масоили демократикунонии ҳаёти ҷомеаро тақозо мекард. Махсусан бунёди парламенти касбии доимоамалкунандаи дупалатагӣ ва ташкили парлумони касбӣ  тавонист дар таҳкими давлатдории тоҷикон ва низоми идоракунии муосири хизмати давлатии кишвар нақши арзишманд гузошт. Дар раванди идоракунии давлатии муосир барои таҳким бахшидани заминаҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ  технологияҳои кадрӣ низ нақши муассир мегузорад. Воқеияти ин тадбирҳоро мо дар ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои  ӯҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши  касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ мебинем. Дар замони муосир татбиқи амалии технологияҳои кадрӣ аз қабилӣ: озмун, аттестатсия, захираи кадрҳо ва баҳодиҳии фаъолият бештар ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аслан фаъолияти хизматчии давлатиро ба танзим медароранд, сахт алоқамандӣ дошта бошад ҳам, лекин аз тарафи дигар татбиқи онҳо метавонанд ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ,  ташаббускорӣ, риояи ҳатмии ӯҳдадориҳои мансабӣ, худтакмилдиҳӣ, донистани забонҳои давлатию хориҷӣ, технологияҳои компютерию иттилоотӣ, такмили ихтисос ва фаъолияти ҷамъиятии хизматчиёни давлатӣ мусоидати фаъол намояд.  Вобаста ба зарурияти масъалаҳои зикршуда дар раванди низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андешаро ёдовар шудан ба маврид аст:

           Агар шахс дар ҷомеа аз рӯи истеъдоду лаёқат мавқеъ наёбад, пас он ҷомеа бе бунёд буда, маҳви бенизомию анархия мегардад. Агар афроди хуб тарбия накардем, набояд, ки ҳукумати хуберо интизор бошем.[6] Аз ин рӯ, раванди идоракунии давлатӣ дар самти хизмати давлатии муосир аз хизматчиёнии давлатӣ масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанӯстиро тақозо намуда, чунин хулоса бояд кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор кафолати суботнокии хизмати давлатӣ ва афзоиши фаъолиятнокии касбию кории хизматчиёни давлатиро таъмин менамояд.            

                                        Хуррамзода Муминшо, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун            

[1] И.Пирназаров, Тафсири баъзе масъала ва ислоҳоти соҳаи хизмати давлатӣ. Душанбе, 3 саҳ.

[2] Фарҳанги забони тоҷикӣ.-Мос., советская энцклопедия,-1969

[3] Г.Қосимов, Ҳ.Нуриддинов, Қ.Искандаров, Б.Ализода, Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе:-2012, 44 с.

[4] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (охирин тағйирту иловаҳо) 2016 с.

[5] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», 5 марти соли 2007,  №233

[6] Платон. Государство.433 Л.,-М.1979