Аз Роғун то ба Марғзор

Сафарнома          

          Дар ҷараёни амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишварамон соҳаи сайёҳӣ ҳамчун такондиҳандаи рушди босуботи иқтисодии мамлакат баҳисоб рафта, ҷанбаҳои мухталифи сиёсати давлатиро дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ, тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои муосири табиӣ танзим менамояд. Қабул гардидани Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва татбиқи якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ имкон медиҳад, ки рақобатнокии бозори сайёҳӣ дар кишвар, минтақа, тамоюлҳои нав дар замони ҷаҳонишавӣ рушду такоммул дода шавад.

        Шаҳри Роғун яке аз гушаи зебоманзари кишварамон баҳисоб рафта, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 110 км дуртар ҷойгир мебошад. Аз рӯи имкониятҳои бузурги табиӣ ва фарҳангию таърихӣ шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ мусоид аст. 

 

         Бо мақсади таблиғи ташвиқи соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр ва муаррифӣ намудани минтақаҳои навтаъсиси сайёҳӣ санаи 17 июли соли ҷорӣ тибқи дастури шаҳрдорӣ аз якчанд мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун дидан карда шуд.  

Боздиди ҳайати гуруҳӣ корӣ аз ходимони давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори омма кишвар иборат буд. Зимни сафар аз шаҳри Роғун ба минтақаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун маълум гардид, қад-қади роҳи деҳаҳои Фаррух-Ғашён барои сайёҳии табобатӣ, куҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид аст. Масофаи роҳ аз шаҳри Роғун ба деҳаи Фаррух 15 км, Ғашён 30 км, Ёнахш 38 км ва Марғзор бошад беш аз 40 км-ро дар бар мегирад. Қад-қади роҳ алафҳои худрӯйи табии рӯйида, беш аз 5 чашмаҳои мусаффо аз қаъри куҳ ва талу теппаҳо ҷорӣ мешаванд.  Дар деҳаи Ғашён ду хоҷагӣ истиқомат карда, деҳаро куҳҳои сарбафалаккашидаи ноҳияҳои Балҷувон, Файзобод ва шаҳри Норак иҳота кардааст. Аз рӯи масоҳати ҳудудии маъмурӣ, деҳаи Ғашён ба шаҳри Норак, Балҷувон ва ноҳияи Файзобод ҳамсарҳад мебошад. Тибқи маълумотҳо ва ривоятҳои  таърихӣ дар замонҳои қадим доеҳаи Ғашён бо номи Ҷамоати Ғашён маъруф буда, дар атрофи  собиқ Ҷамоати Ғашён деҳаҳо ба монанди Хуф, Дараи Шур, Сафедсанлох, Шибари ғариб, Согулӣ, Ёнахш, Марғзор арзи ҳастӣ доштанд. Бо гузашти айём мардум аз деҳаҳои зикршуда муҳоҷир гардидаанд. Аз меҳнати собиқ мардуми ин минтақа  боғҳои ангур, тут, чормағз, себ, анҷир ва дигар дарахтони мевадиҳанда боқӣ мондааст, ки роҳгузарону мусофирон аз меваҳои шаҳдбори ин минтақаҳо истифода мебаранд.         

         Дар минтақаи Согулӣ,  мавзеи табобатӣ ба монанди «Сияҳлояк» то замони истиқлолият машҳур буд. Мувофиқи ривоятҳои муйсафедони ҳамон давра Сияҳлояк оби бениҳоят хунук дошта, ба бемории буғумдард, дарди поча, нест кардани намак ва бемориҳои пустӣ шифобахш будааст.   Деҳаи Ғашён нисбат ба деҳаи Ёнахш бартариаш дар он аст, ки ба маркази деҳа оби чашмасори софу тоза ҷорӣ мешавад, ки оби деҳа барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид мебошад.

         Масофаи роҳ байни мавзеи сайёҳии Ғашён ва Ёнахш беш аз 5 км ро дар бар мегирад. Деҳаи Ёнахш зодгоҳи гӯруғлисарои машҳур Ҳикмат Ризо мебошад, ки соли 1894 дар ҳамин деҳаи таваллуд шудааст. 

        Дар иртибот ба мавзӯъ мехостам аз маҳорати ин шахсияти таърихӣ каме иттилоъ дода бошем. Ҳикмат Ризо шоири халқии тоҷик, гӯрӯғлисаро, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон мебошад. Рағбати дуторнавозӣ ва хунёгариро дар дили ӯ пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо бедор кардаанд. Аз синни 20-солагӣ дар маъракаҳо ҳунарнамоӣ карда, ҳамчун гӯрӯғлисаро ном баровард. Минбаъд ба деҳоти Қаротегин ва Кӯлобу Ҳисор сафар карда, дар ҷамъомадҳои гӯрӯғлихонҳо иштирок намуда, маҳорати гӯяндагиашро сайқал додааст. Соли 1948 фолклоршиносон аз Ҳикмат Ризо 35 достони «Гӯруғлӣ»-ро дар ҳаҷми 105 ҳазор мисраъ сабт карданд, ки ин ганҷи бебаҳо дар шӯъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиосӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Ба ғайр аз ин, ӯ дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ афсонаю ривоят ва хотираҳои сабткарда дорад. Соли 1965 ду достони бузурги «Гӯрӯғлӣ»-ро Ҳикмат Ризо дар чор қартаи калонҳаҷм сабт кард, ки он чор бор нашр шуд. Овози ӯ аз соли 1955 дар наворҳои радиои тоҷик сабт шудааст. Соли 1969 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 100-солагии таваллуди В. И. Ленин Конкурси гӯрӯғлисароён доир гашт, ки дар байни 55 нафар гӯрӯғлихонҳои ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ Ҳикмат Ризо сазовори ҷойи аввал шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки деҳаи мазкур на инки бо сарватҳои табиӣ ва ё табиати рангини худ шуҳратёр гаштааст, балки шахсиятҳои таърихии барӯманд ба монанди Ҳикмат Ризо аҳамияти фарҳангии  ин диёрро исбот менамояд. Айни замон мардуми ин деҳа ба соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд.

 Деҳаро аз чор тарафаш куҳҳои осмонбус иҳота кардааст. Истиқоматкунандагони ин деҳа хусусиятҳои хоси сайёҳии мавзеъи Ёнахшро хуб дарк карда, дар ин мавзеъ хонаи қабули сайёҳонро бо номи  «Сайр» мавриди истифода қарор додаанд. Меҳмонхонаи «Сайр» аз се утоқи хурди дамгирӣ, ошхона ва ҳамоми буғӣ иборат мебошад.  Масофаи байни дехаи Ёнахш то мавзеи Марғзор беш аз 5 км роҳро дар бар мегирад. Мавзеи Марғзор аз рӯи имкониятҳои табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду кулли қамишзори табиӣ мавҷуд буда, аз моҳҳои май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад.  Дар қисмати болоии ҳавзҳои мавзеи Марғзор  тахминан 1 км роҳ аз қаъри куҳ дарёчаи оби софи хунук аз назди дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гиёҳҳои шифобахш ҷорӣ мешавад.  

          Дар оянда ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ имконияти хеле хуб ва манфиатовар мебошад. Дар суҳбат бо мардумии таҳҷоии деҳаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзор маълум гардид, ки бодарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани деҳаҳои мазкур, табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, мева ва ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла бузи сайд, хирс, хук, ҷайра, сангпушти куҳӣ, санҷоб, харгуш, заргуш, гург, рӯбоҳ, шағол ва аз хазандаҳо якчанд навъи мор, калтакелос ва дигар ҳашаротҳо дар дашту даман ва куҳҳои ин мавзеъҳо во хурдан мумкин аст.         

        Бо дарназардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ аз қабили ҳайвоноти нодир, куҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва мавзеъҳои истироҳатӣ барои рушди сайёҳии табобатию куҳнавардӣ тавсия дода мешавад.

 

                                                                                                               Хуррамзорда Муминшо-Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, масъули соҳаи сайёҳӣ

                                                                                                               Абдулмумин Назрулло-Мудири шуъбаи рушди итимоӣ ва робита бо ҷомеа