Истиқлолият мояи ифтихори миллӣ

                             Бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Имрӯзҳо дар арафаи 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем.  Хушнуд аз он ҳастем, ки чунин ватани азизу маҳбуб дорем. Агар аз таърихи Истиқлолияти давлатии мо зиёдтар аз чаҳоряк аср гузашта бошад, ҳам умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз оғози таърих соҳибватан, соҳибмулк ва давлатсоз буданд. Ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд. Дар бобати таърихи қадима  ва сарнавишти давлатдории ниёгонамон  мо дар китобу навиштаҳои пешини худ ба таври васеъ назар кардаем, бинобар ин вақте ки сухан дар бораи Истиқлолияти  давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад. Яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан рушд гардид. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне  бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукунҳои давлатдории муосир мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳо ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав маҳсуб меёбад, зеро дар ҳар давру замон маориф ва илм омили муҳимтарини давлату миллат ба шумор меравад ва ин арзишҳо дар таърихи башарият  ҳамеша нақши асосӣ ва муайяанкунандаро дорад. Инсон маҳз тавассути баҳрабардорӣ аз донишу фарҳангҳои мухталиф  гузаштаю имрӯза  ба шинохти худ ва худшиносии миллӣ ноил мегардад. Маҳз бо ибтикор ва  дастгирии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки дар  шаҳри Роғун як чанд иншоотҳои наву замонавӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумлаи беҳтарин дастовардҳои ин замон ба кор даровардани чархаи аввали НБО-Роғун ба ҳисоб меравад, ки ин ҳам неъмати даврони Истиқлолият мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҳар як хонаи халқу миллати тоҷик нури оламтоби нерӯгоҳи Роғун шуълавар гардида истодааст. Ин нур низ самараи истиқлолият ва меваҳои шаҳдбори ваҳдати миллӣ мебошад. Мо ҷавонони шаҳри Роғун ифтихор азон мекунем, ки дар чунин давлати соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Давлате, ки ҳам сину соли мо ҷавонон аст. Шукрона аз он дорем, ки амну амонӣ, сулҳу субот дар ин сарзамин ҳукмфармост.  Ва аз Худо умед дорем, ки ин сулҳу субот то абад пойдор бимонад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                    Таҳияи Комилзода Ҳ.