Истгоҳҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

           Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар  шаҳри Роғун 3-адад истгоҳҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Баистифодадиҳии ин истгоҳҳо бо иштироки  Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ва роҳбари гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наъимӣ сурат гирифт. 

       Дар ифтитоҳи ин истгоҳҳо сокинони шаҳр низ иштирок намуда, хушҳолии худро нисбати бунёди чунин истгоҳҳои замонавӣ иброз доштанд. Бояд тазаккур дод, ки истгоҳҳои мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он дуконҳои хурди фуруши маҳсулоти хуроквории тезтайёр ва атриёт низ мавриди баҳрабардории мусофирон қарор дода шудааст. 

        Тибқи нақшаи шаҳрдорӣ бунёди чунин истгоҳҳо то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома хоҳанд ёфт.