Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари дастранҷи ҳунармандон

           Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Роғун дар баробари корҳои ободонию бунёдкорӣ як қатор корҳои назаррас барои тақвият ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба сомон расонида шуданд. Метавон қайд кард, ки бунёди чунин гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ барои эҳёи ҳунарҳо, рушду такомули анъанаҳои миллӣ заминагузор хоҳад  гашт. Ба ин хотир санаи 27 июли соли равон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Давлатова Мавҷуда бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин дастовезе барои сазовор ҷашн гирфтани 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гӯша 5 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, бо духтани либосҳои миллӣ машғул мебошанд. Ёдовар мешавем, ки гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ бо харҷи беш аз 100 ҳазор сомонӣ дар маркази шаҳри Роғун ба истифода дода шуд.