Терроризму экстремизм-амалҳои номатлуб

      Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб аз ҷумла, терроризму экстремизм аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғун корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби гуруҳи корӣ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорда шудааст. Субҳи имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо иштироки фаъолонаи сокинони кӯчаи 25 солагии Истиқлолияти шаҳри Роғун чунин як вохурии судманд баргузор гардид. 

    Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Роҳун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ва намояндагони шуъбаҳои КДАМ ва ВКД дар шаҳри Роғун иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси шаҳр нисбати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна равияҳои номатлуб, ҳифзи сулҳу субот, амнияти давлат, ҳифзи муқаддасоти миллӣ сухан ронда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои қаблӣ далели рушани ин гуфтаҳост. Сипас, намояндаи шуъбаи КДАМ дар шаҳри Роғун аз таърихи пайдоиши чунин ҳаракатҳои номатлуб андешаронӣ кард. Зикр кард, ки мақсади асосии ин равияву ҳаракатҳо танҳо ноором сохтани фазои сулҳу субот мебошад.

     Номбурда, суханони худро бо мисолҳои мушаххас тақвият дод. Пас аз анҷоми баромадҳо сокинони кӯчаи мазкур низ андешаҳои худро нисбати ин падидаи номатлуб баён доштанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо  моҳе як маротиба аз ҷониби гуруҳи корӣ дар тамоми минтақаҳои қаламрави шаҳр баргузор гардад. 

Таҳияи Абдулмумин Худойдодов