Вохӯрии судманд бо аъзои иттифоқҳои касаба дар шаҳри Роғун

         Имрӯз  дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки раиси  Федератсияи иттифоқҳои  касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва раиси шаҳри Роғун вохӯрии судманд баргузор гардид. 

 Дар ин вохӯрӣ кормандони иттифоқҳои касабаи ҶСК «НБО Роғун», ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим иброз дошт, ки дар арафаи ҷашнҳои 22 солагии Ваҳдати миллӣ ва пешвози сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар тамоми корҳои ободонию бунёдкории ҳар як гӯшаи кишварамон саҳмгузор бошем. Зикр кард, ки иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ низ пайваста кушиш менамояд, ки дар ин  самт пешсаф бошанд. Мавсуф зимни суханронӣ оид ба дигар паҳлуҳои ҳуқуқии соҳаи мазкур равшанӣ андохта, нисбати ба пуррагӣ аъзо наградидани баъзе аз ташкилоту корхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Қайд кард, ки узвият дар ин иттифоқи касаба ба манфиати худи кормандо мебошад. Бинобар ин, зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон ба манфиати кор ва корманд мебошад.

            Сипас, Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар оид ба ҷоннок намудани кор дар ин самт ибрози андеша намуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Иттифоқи касабаи «НБО Роғун» низ суханронӣ намуда андешаронӣ карданд. Таъкид карда шуд,  ҷалби кормандон ба итифоқи касаба пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пас аз анҷоми баромадҳо суҳбати  озод  доир гардид. Иштирокчиён низ фикру мулоҳизаҳои худро озодона баён доштанд.       

Дар охир ба саволу пешниҳодҳои иштирокчиён аз ҷониби Қодир Қосим раиси  Федератсияи иттифоқҳои  касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сулаймонзода Музаффар Раиси шаҳри Роғун  ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.