Таҷлили Рӯзи кӯдакон дар шаҳри Роғун

          Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Роғун чорабинии идона бо иштироки кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи ичтимоӣ Файззода Фирӯза суханронӣ намуда, ҳозирин ва кудакону наврасонро бо рӯзи идашон шодбош намуд. Мавсуф қайд намуд, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллату давлат ва  насли башар мебошанд. Чуноне,  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣғПешвои миллат дар баромадҳояш қайд менамоянд,  ҷавонон ва наврасон ояндасози давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Аз ин  бар меояд, ки мо бояд дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем ва онҳоро дар роҳи хештаншиносӣ, ватандустӣ ва ахлоқи ҳамида тарбият намоем. Сипас, дар боғи фарҳангию фароғатӣ сайру гашти кӯдакон бо бозиҳои гуногун доир гардид. Иштирокчиён аз арғунчаку чархофалакҳои боғ баҳраманд гардиданд.