ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

          Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон чораю тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр чорабиниҳои солимгардонӣ ва суҳбату вохӯриҳоро мунтазам ба роҳ мондаанд, ки ин амал дар пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва беҳдошти саломатӣ мусоидат хоҳад кард. Моҳи майи соли равон бо ташаббӯси бахши кор бо ҷавонон ва мактаби варзишии шаҳри Роғун мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол ва тениси рӯи миз миёни ҷавонону наврасон доир карда шудаанд.  Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳо ҳамчун амали солимгардонӣ ба рӯзҳои таърихӣ, махсусан ба Рӯзи Ҷавонон бахшида шуда, дар он дастаҳо аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр  фаъолона  ширкат ва байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Дар назар аст, ки ин иқдом то баргузории ҷашни 22 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ идома хоҳанд ёфт.