Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Роғун

   Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Роғун қарори раиси шаҳри Роғун аз 26 декабри соли 2018, №286 «Дар бораи таъсиси кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи балан таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019» ба тасвиб расид. Дар заминаи қарори Раиси шаҳр ҳайати кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иборат аз 21 банд тасдиқ карда шудааст. Дар нақшаи чорабиниҳо масъулин барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн вазифадор гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар асоси қарори мазкур то баргузории чорабинӣ 7 маротиба ситодҳои корӣ гузаронида шуда, натиҷаи он дар шакли протокол ба расмият дароварда шудааст.

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ташкили намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, сайру гашти оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ташкили вохӯрию  мулоқот бо аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ, баргузор намудани семинар-машваратҳо дар муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили шашкаю шоҳмот ва дави миллӣ, ташкили озмунҳои расмкашӣ дар муассисаои томактабӣ, ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву растаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, насби шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳои махсуси идона, намоиш ва фуруши маҳсулоти хоҷагии халқ, нашри маводу мақолаҳо бахшида ба ин ҷашн дар сомонаи расмии мақомот ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун», сабт ва инъикоси чорабиниҳо тариқи васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ ва варзишӣ, ташкили чунин чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаҳои дурдаст, қисми низомии 051058 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва дар шаҳраки муваққатии ширкати «Салини Импреҷило»-и маркази шаҳри Роғун ба роҳ монда шуд. Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунармандони ҷумҳуриявӣ ва бахши фарҳанги шаҳр бо санъати баланди ҳунарнамоӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Пас аз анҷоми қисми фарҳангӣ қисмати варзишӣ яъне гуштини миллӣ оғоз гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ паҳлавонон ширкат варзиданд. Дар гуштини миллӣ туҳфаҳои омода намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шоҳҷоиза (автомашинаи сабукрави навъи  OPEL-vektra) пешкаши варзишгарон гардонида шуд. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷашни Наврӯз рӯзи 24.03.2019  гузаронида шуд, ки дар он Аламхон Наъимӣ-сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- намояндаи гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистонро ба самъи ҳозирин расонид. Зимни суханронӣ аз таърихи ин ҷашни байналмилалӣ ёдовар гардида, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар тарғибу ташвиқи ин ҷашн ҷиҳати эҳё намудани суннатҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд. Қайд кард, ки бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри биҳиштосоямон ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар рушду инкишофи ватани азизи худ, корҳои назаррасро ба иҷро расонанд. Наъимӣ Аламхон дар суханронии худ оид ба анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози ақида намуд.  Қайд кард, ки давоми солҳои 2019-2021 як қатор корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Роғун ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар арафаи ин ҷашн 3 иншоот дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба истифода дода шуданд, ки ин иқдом метавонад дар рушди минбаъдаи ин диёр ба хусус деҳот заминагузор гардад.  Дар арафаи ин ҷашн ба оилаҳои камбизот ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумакҳои моддӣ расонида шуда, барои 64 нафар ятимону бепарасторон ва оилаҳо камбизоат аз ҳисоби соҳибкорон сарпараст таъин карда шудааст, ки  пайваста нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Илова бар ин, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои мавҷуда дар шаҳри Роғун барои расонидани кумакҳои моддӣ дар арафаи ҷашнҳои сиёсию фарҳангӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумакҳои худро дареғ намедоранд. Зикр намуд, ки бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ аз ҷумла, шаҳри Роғун, ки яке аз шаҳрҳои муҳиму стратегӣ ба ҳисоб меравад, бояд дар якҷоягӣ кушиш ба харҷ дода шавад. Зеро Пешвои миллат дар паёмашон иброз доштанд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2018  ин ба кор даромадани агрегати аввали НБО Роғун буда, соли 2019 дар ҳаёти ҷомеаи мо ин ба кор даромадани агрегати дуюм ва рӯйдоди муҳими дигар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки аз ҳозир шуруъ карда, корҳои ободонию бунёдкориро дар тамоми гӯшаву канори шаҳр, деҳаҳои дурдаст хубтару беҳтар ба роҳ монем. Чуноне, ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, дар Паёми имсола соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

                                                                                                                                   Таҳияи  Худойдодов А.Н. ва Комилова Ҳ.