«Рӯзи модарон» дар шаҳри Роғун

        Бахшида ба ҷашни «Рӯзи модарон»  дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар суханрони намуда, занону модаронро ба ин санаи  фархунда табрику муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки воқеан, дар оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи Модар, ин рамзи шукуфоию зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати ин олиҳаи ҳастиро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзӯ менамоям.  Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Тамоми бузургони рӯйи дунё беҳтарин, арзандатарин лутфи қаламашонро ба Зан-Модар бахшидаанд, зеро Зан-Модар сарчашмаи ҳайёту зиндагии насли башарият маҳсуб меёбад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. 

Модарон ва хоҳарони азиз! Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори дигар абармардони дунё ба зан-модар арҷи бениҳоят гузоштааст; «Занон ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ арзёбӣ гардидаанд, аз ин рӯ мо аз  солҳои аввали Истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занонро  дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор додаем, ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад, давлате, ки нисбати Зан-Модар сарчашмаи ҳайёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Занону модарон асоси рукни оила, тарбиятгари фарзандон ва ҷомеа мебошанд, дараҷаи маърифатнокии оила аз дониши модар  сахт вобастагӣ дорад. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Бинобар ин, баҳри баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона саҳми модарон беандоза зарур мебошад. Ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ дорем бо қонуну қарорҳои Ҳукумати кишвар ҳуқуқи занону мардон баробар аст ва занон баробари мардон дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа кору фаъолият мекунанд. Тибқи омори расмӣ дар шаҳри Роғун 21 ҳазору 927 нафар занон зиндагӣ менамоянд, ки аз ин шумора 12 910 нафарашон дар ташкилоту муассисҳои  давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва 166 нафар дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият  мекунанд. Дар қаламрави шаҳр бонувони меҳнатдӯсту  қавиирода, ки  бо хислатҳои хуби инсонӣ бобати рушду нумӯи ҷомеа хизмат намудаанд зиёд мебошанд, ки  фаъолияти арзандаашон назаррасу самарабахш маҳсуб меёбанд. Боиси хушнудист, ки то имрӯз тибқи квотаи Президентӣ аз шаҳри Роғун 176 нафар ҷавонондухтарон дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 128 нафари онҳо мактабҳои олиро хатм ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳр ва ҷумҳуриамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Айни ҳол, 48 нафар ҷавондухтарон  дар мактабхои олӣ машғули илмомӯзӣ мебошанд. Модарон ва хоҳарони азиз! Дар миқёси ҷаҳон шаҳри Роғун тавассути сохтмони бузургаш НБО-и «Роғун» шуҳрати беандоза касб намудааст.  Дар қатори сохтмончиёни бо нангу номуси ин иншооти бузурги аср имрӯз модарону хоҳарони ватандӯсту шуҷоъатманд низ кору фаъолият доранд. Модарон баробари рисолати бузурги инсонӣ боз вазифаи  муқаддаси тарбияи фарзанди солим,  соҳибмаърифат,  боодобу  некӯахлоқ  ва  дорои маънавиёти  баландро  бар  душ  доранд. Ба  ин  маънӣ, занону модарон ҳамеша  дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва  дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Чунки фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру  манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату халқи худ хизмат мекунад.

 Итминони  комил  дорам,  ки  мардуми  шаҳри  Роғун аз  ҷумла  бонувон ва  ҷавондухтарон дар иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва аз худ кардани технологияҳои замонавӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда мехоҳам хотирнишон созам,  ки  мо дар остонаи ҷашни  байналмилалии Наврӯз-2019, ки аз ҷашнҳои хело қадимаи  миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, инчунин, дар пеш ҷашну маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ба монанди ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои Конститутсияи ва Парчами миллӣ қарор дорем ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо дастгирию саҳми бевоситаи Шумо мо дар якҷоягӣ ин ҷашну маъракаҳоро бо руҳияи баланди фарҳангию сиёсӣ истиқбол мегирем. Шоистаи таъкид аст, ки дар  бораи хислати зан ва мавқеи он дар ҷомеи имрӯза ҳазорон суханҳо гӯем боз ҳам кам аст. Шумо пайвандгари  наслҳои  имрӯзу  фардои ҷамъият  ва  ҳусни   зеботарин  саҳифаи китоби  зиндагӣ ҳастед. 

Бигузор, баҳори  имсола бо  файзу  баракати хеш рӯзгори  ободу  зиндагии  осоиштаро  насибатон  гардонад. Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст, Асли мо, ному нишони мо забони модар аст. Бо  чунин  нияту  орзуҳои  нек  бори  дигар, ҳамаи Шумо модарону   хоҳарони азиз ва дар шахсияти Шумо кулли бонувони диёрамонро ба  муносибати «Рӯзи Модар»  табрику муборакбод  гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, сарбаландӣ,  барори  кору хотири ҷамъ ва баракати  рӯзгорро   таманно  дорам. Бигузор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди  чашмаҳои куҳистони тоҷик, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд! Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз! Пас аз анҷоми суханронии Раиси шаҳр яқатор занону бонувони фаъол ва собиқадор бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Сипас, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр хотири иштирокчиён бо суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ болида гардонида шуд.   Таҳияи Худойдодов Абдулмумин ва  Комилова Ҳавасмоҳ