Мулоқоту вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун бо аҳолӣ  

      Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музафар дар асоси нақшаи вохуриҳо бо аҳолӣ мулоқоти худро оғоз намуд. Ин вохуриҳо аз санаи 6 феврали соли ҷори оғоз гардида, дар  32 мавзеъ  то санаи 22 феврал идома хоҳад ёфт.  Муҳтавои асосии вохуриҳоро шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумуҳурӣ, корҳои ободонию  бунёдкорӣ  бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд. Дар вохӯриҳо қайд карда шуд, ки бо мақсади пешвози сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи чорабиниҳо иборат аз 124 бандро таҳия намуда, мавриди амал қарор додааст, ки айни замон қисме аз он иҷро гардидаанд. 

         Дар сурати  иҷро гардидани нақшаи мазкур сатҳи иҷтимоии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, зеро дар нақшаи чорабиниҳо сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, аз қабили сартарошхона, ҳаммом, маркази савдою хизматрасонӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ, бозии кӯдакон, коргоҳи дузандагӣ ва духти либосҳои мактабӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагӣ, бунёду таъмири маркази саломатӣ, бунгоҳҳо, ҳуҷра барои хатна, сартарошхона, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими роҳҳои маҳаллаҳои аҳолинишин,  бунёди гулгаштҳо, шинонидани дарахтони ороишӣ дар шафати роҳҳо ва дигар корҳои созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр дар ин мулоқот аз аҳолӣ хосторӣ он шуд, ки  танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда  метавонанд ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта, муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

       Гуфта шуд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои  рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» барои  пешрафти кишвари маҳбубамон заминагузор хоҳад гашт. Нисбати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи масъулияти  падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани ҷавонон  аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва дигар омилҳои номатлуб ба аҳолӣ фаҳмонида шуданд. Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо технологияҳои наву замонавӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани  занони хонанишин яке аз заруриятҳои  имрӯзи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Машғул намудани занон ба дузандагӣ, пазандагӣ атласбофӣ,  қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои аҷдодӣ, аз ҷумлаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб мераванд.                                                                                                       

                                                                                                                                            Таҳияи Мунира 6.02.2019