Нишасти матбуотӣ

          Санаи 04.02.2019 дар бинои мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷумла хабарнигорони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», рӯзномаи шаҳрии «Нурии Роғун» ва Агентии миллии итилоотии Тоҷикистон «Ховар» ширкат варзидаанд. Дар нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Роғун  Раҳимзода И. Ғ. оид ба корҳои анҷомёфта дар соли 2018 маълумоти муфассал дод.  Мавсуф нисбати корҳои ободонию  бунёдкорӣ, рангуборнамои  хонаҳои баландошиёнаи шаҳр, равшаннамоии кӯчаю роҳравҳо ва шафати шоҳроҳ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю заҳбурҳои маҳалаҳои гирду атрофи шаҳр ва деҳоти дурдаст, ниҳолшинонӣ, анҷоми корҳои сохтмонӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  ба иҷро расонидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ ёдовар гардид. Аз ҷониби рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои рушди маориф, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», саноатикунонии шаҳр дар давоми солҳои 2019-2021, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сокинони шаҳр, чораандешӣ нисбати пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва дигар саълаҳои доғи рӯз суолҳ пешниҳод гардид. Муовини якум, муовини раиси шаҳр соҳаи иҷтимоӣ ва дигар масъулин ба суолҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла дар ин нишаст оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун   «Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ», рӯйдодҳои муҳими таърихии дар соли 2018 ба вуқуъ пайваста, ҷалби сокинони деҳот ба ҳунарҳои мардумӣ, рушд додани соҳаҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ибрози ақидаронӣ карда шуд. Зикр карда шуд, ки дар даврони итиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Метавон гуфт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ этироф гардидани мероси таърихиву фврҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамадунсозу фарҳангӣ мебошад.