ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

            Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, дар шаҳри Роғун як қатор корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат соли 2018-ро бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд. Дар ин замина нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардида буд, таҳияву тасдиқ гардида, мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар сохторҳои дахлдор  вазифадор гардиданд. Дар шаҳри Роғун низ нақша чорабиниҳои шаҳрӣ дар асоси Паёми Пешвои миллат ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-984 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд. Яке аз бандҳои нақша чорабинӣ ташкил намудани гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

       Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тасмим гирифт, ки бо ин мақсад дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бинои гӯшаи ҳунарҳои мардумиро бо тарҳи замонавӣ ва меъмории хоси аҷдодӣ сохта ба истифода диҳад. Боиси хушнудист, ки давоми соли сипаригардида, 2-адад гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳр ва 2-адади дигар дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Рашт воқеъ дар ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм ва деҳоти Қади Об сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, 1-маркази духти либоси мактабӣ, 13 нуқтаи истеҳсоли ҳунарҳои хонагии мардумӣ бо ҷалби 90 нафар косибону ҳунармандон  ба истифода дода шудаанд.