Санаи 16 ноябр – санаи таърихиву нурофарин

Албатта ҳама рӯз – рӯзи Худост. Вале рӯзе ҳаст, он рӯзи хайр барои як фард ё қавм ва миллату давлат гардида, чун рӯзи таърихӣ ба шумор меравад ва бо хусусиятҳои хоси худ  дер боз дар хотири одамон нақш мебандад ва бо некӣ аз он рӯз ёдоварӣ мекунанд. Хусусан 16-уми ноябр барои миллати тоҷик ҳам чун рӯзи хайр, рӯзи ғалабаи нӯр бар  зулумот ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз яъне 16-ноябри соли 1972 аввалин агрегати НБО-и Норак ба кор дароварда шуд, ки то имрӯз дар хизмати ин миллат қарор дорад. Солҳои навадуми асри гузашта бошад, давлати тоза соҳибистиқлолгаштаи тоҷиконро боз зулмату торикӣ фаро мегирад, ки мардуми он сарсону саргардон мегарданд. Маҳз дар ҳамин рӯз Худованд тариқи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро ҳамчун нуре ҳадя намуд, ки мардумро дар чунин рӯзҳои торикиву номуайянӣ равшаниву роҳнамоӣ карда, аз бори фалокат раҳои бахшид. Инчунин санаи 16-уми ноябрро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ҳамчун рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд менамоянд, ки мардум имрӯзро ҳамчун рӯзи қадамҳои устувор барои фардои обод, сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, кафили давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ғалабаи нур бар зулумот медонанд, онро бо бовари комил бар Президенти худ ва назари нек қадр менамоянд.

            Инак 16-ноябри соли 2018, рӯзи ҷумъа, моҳи мавлуди Паёмбар (с), рӯзи Президент, рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ва рӯзе ки онро мардуми Тоҷикистон дер боз интизораш буданд фаро мерасад, ки дар таърихи навини давлатии тоҷикон рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст, гузошта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи аввалини НБО-и Роғунро дар вазъияти тантанавӣ бо ҳузури меҳмонони зиёде аз дохилу хориҷи мамлакат бо пахши тугмача онро ба кор медарорад, ки нахустшӯълаи  ин чароғистон  ба хонадони ҳар сокини Тоҷикистон рафта мерасад. Ин амал ифодакунандаи он аст, ки миллати тамаддунсози тоҷик бо хиради азалӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои худ боз ҳам аз ин дида ба корнамоиҳо ва муваффақиятҳои густурдаю беназире хоҳанд расид, ки ҷаҳониёнро мутаҳаййир гардонида, ба  душманону хоинони ин миллат  ноумедиро ба бор овард. Расулуллоҳ (с) мефармоянд: – Дасти диҳанда аз дасти гиранда беҳтар аст. Агарчӣ мо як замони кӯтоҳе бо сабабҳои муайян дасти гиранда доштем, имрӯз Худованд моро соҳиби дасти диҳанда гардонид, ки бо додани барқи худ ба давлатҳои ҳамсоя хонаи ҳазорон нафарро гарм, равшан ва соҳиби кор мегардонем, яъне барои ба даст овардани ризқу рӯзии дигарон сабаб гашта, соҳиби аҷру савоби азим  мегардем ва дар баробари ин  буҷаи ҷумҳуриро ғанӣ гардонида, соҳиби шароити зиндагии хуб хоҳем гашт. Худованди таъоло дар сураи «Бақара», ояи 195-ум мефармояд: – Ва аҳсину-инналлоҳа юҳиббул муҳсинин. (Ва неки кунед, зеро ки Худованд некӯкоронро дӯст медорад). Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки агар далериву ҷасорат, сиёсатмадориву хиради азалӣ ва хизматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ намешуданд, ба ин рӯзи нек расидан аз ақлҳо дур буд. Худованд ин марди қавипайкару иродаи оҳаниндоштаро барои миллати тоҷик ато намуд, то ки сабаби пешрафту тараққиёти ин мардум бигардад. Инро шукр ва қадр намуда, ҳамеша  дуогӯи Сарвари давлат  ҳастем: ба қавли Саъдии бузургвор :  

Бимонад солҳо ин назму тартиб,

Зи мо ҳар зарра хок афтода ҷое.

Ғараз нақшест к-аз мо  боз монад,

Ки ҳастиро намебинам бақое.

Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат,

Кунад дар кори дарвешон дӯъое.  

             Имрӯз Пешвои миллат аз худ  НБО-и Роғун ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли озоду ободро барои ояндагон мерос мегузорад, ки ин корнамоиҳо дар саҳифаҳои  таърихии миллати тоҷик  бо хатҳои  зарин  навишта шуда  асрҳои аср мавриди ёдоварӣ ва дуои хайри  ин миллат ва мардуми ин сарзамин қарор хоҳад гирифт. Парвардигоро! – Роҳбари давлату Пешвои миллати моро дар ҳифзу амонати худ нигоҳбон бош! Банда  ҳамчун як шаҳрванд пешниҳоде дорам: (Дар замони Шуравӣ унвонҳое ба мисли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ вуҷуд дошт. Агар имрӯза «Қаҳрамони Тоҷикистон» ба манзалаи «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» бошад, пас ҷои «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ»   холӣ аст) Имрӯз месазад, ки қаҳрамониҳои Пешвои миллатро дар замони сулҳу субот, барои хизматҳои шоиста ва шабонарӯзиашон дар ободонии мамлакат баҳри расидан ба  се  самти асосии стратегии кишвар, яъне баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин барои ба кор даровардани аввалин агрегати НБО-и Роғун қадр намуда, бо унвоне ба мисли «Қаҳрамони ободкори Ватан», ё  «Қаҳрамони меҳнат» ё «Қаҳрамони даврони Истиқлол» ё ба ин монанд таъсис дода шавад ва Пешвои миллат нахустгирандаи ин унвон бошад. Иншоаллоҳ, бовари дорам ки мардуми Тоҷикистон ва намояндагони онҳо дар Парлумон ин пешниҳодро қабул хоҳанд кард ва дар рӯзи «Паёмӣ навбати» ба Пешвои худ тақдим хоҳанд намуд. Дар охир ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и Роғун ин туҳфаи арзандае буд аз ҷониби мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти он ба ҷаҳониён дар соли нахустини даҳсолаи байналмиллали амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028». Худо хоҳад, бовари дорам, ки ин миллат зери роҳбарии Пешвои хирадманди худ то соли 2028 пурра НБО-и Роғунро ба кор дароварда, дар рушди устувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ саҳми бузург хоҳанд гузошт ва ин даҳсолаи байналмиллалиро бо муваффақият ва дастовардҳои шоиставу беназир ҷамъбаст хоҳанд кард. Худованд ёру мададгори мову Шумо бод! Омин !